амнобод — [امن آباد] маҳалли осоишӣ ва фароғату ободӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
амон — [امان] 1. тинҷӣ, осоиш, эминӣ, бехавфӣ; амну амон тинҷию осоиштагӣ 2. зинҳор, паноҳ, наҷот; роҳи амон роҳи халосӣ, роҳи наҷот, роҳи гурез ба ҷои бехавф; хати амон ҳуҷҷати бахшоиши гуноҳ, афвнома; амон бурдан паноҳ бурдан (ба ҷое); амон додан ором … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ассалом — [السلام] а. салом, дуруд (ба шумо); ассалому алайкум салом ба шумо; осоиш мехоҳам ба шумо … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дилосо — [دل آسا] он ки ва ё он чи ба дил осоиш мебахшад; фараҳбахш, зебо, дилписанд: боғи дилосо, ҳавои дилосо … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қарор — [قرار] а 1. ором; оромиш, осоиш; қарор надоштан дар ҷое а) ором набудан, собит набудан, дар ҳоли ҷунбиш ва ҳаракат будан; б) ором нагирифтан, дер наистодан дар ҷое; қарор аз касе бурдан орому осоиши касеро барҳам додан, касеро беқарор кардан;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маишатпарастӣ — [معيشت پرستي] маишатпараст будан; дӯстдори хушгузаронӣ ва фароғату осоиш будан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мусолиматомез — [مسالمت آميز] сулҳҷӯёна, сулҳхоҳона; ҳамзистии мусолиматомез ҳамзистии осоишта, дар сулҳу осоиш зистан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мустароҳ — [مستراح] а 1. кит. ҷои осоиш ва роҳат 2. маҷ. ҷои қазои ҳоҷат, ҳоҷатхона, обрез … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
неъмат — [نعمت] а 1. чизҳои зарури зиндагӣ ва рӯзгор, ризқу рӯзӣ; неъматҳои моддӣ ва маънавӣ сарватҳои моддӣ ва маънавӣ; нозу неъмат васоили айшу осудагии зиндагӣ; хони неъмат дастархони пур аз нозу неъмат; куфрони неъмат носипосӣ ба некии касе; ношукрӣ 2 … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нороҳат — [ناراحت] 1. он чи дар он роҳату осоиш нест; нобоб; заҳмату ташвишовар: ҷои нороҳат, либоси нороҳат 2. нотинҷ, ноором; нороҳат кардан безобита кардан, ташвиш додан; нороҳат шудан безобита шудан, нотинҷ гаштан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ